Пайвандҳои дастрасӣ

Юрий Сёмин – сармураббии «Локомотив»-и Маскав


Юрий Сёмин, собиқ сармураббии дастаи «Помир»-и Душанбе, сармураббии тими «Локомотив»-и Маскав таъин шуд.

Бар асоси қарордод, ки аз 1-уми июн мавриди иҷро қарор мегирад, Сёмин ин вазифаро то 31-уми декабри соли 2011 бар ӯҳда хоҳад дошт.

Ёдовар мешавем, ки Рашид Раҳимов, собиқ бозигари дастаи «Помир», ба иллати натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста дар мавсими гузашта ва оғози мавсими имсола ахири моҳи апрел аз вазифаи сармураббии тими «Локомотив» сабукдуш шуда буд.

Юрий Сёмин, ки солҳои ахир сармураббии тими «Динамо»-и Киев буд, қарордодашро бо ин бошгоҳи футболи Укроин пеш аз мӯҳлат лағв кард. Ҷойгузини ӯ Валерий Газзаев тибқи қарордоди сесола аз 20-уми июн ба кор ҳамчун сармураббии тими «Динамо»-и Киев шурӯъ мекунад.
XS
SM
MD
LG