Пайвандҳои дастрасӣ

Иддаои Ҷиҳоди исломӣ пиромуни ҳамлаҳои Андиҷон


Андиҷон дар моҳи майи соли 2005

Андиҷон дар моҳи майи соли 2005

Масъулияти ҳамлаҳои ахир дар шаҳрҳои Хонобод ва Андиҷони Узбакистонро созмони Ҷиҳоди исломӣ бар ӯҳда гирифтааст.

Бар асоси изҳороте, ки як нафар ба намояндагӣ аз Ҷиҳоди исломӣ нашр кардааст, ҳамлаи шаби 26 майро гурӯҳи “Мовароуннаҳр”,и марбут ба ин созмон анҷом дода, “муҷоҳидин вазифаро иҷро карда, бидуни ягон талафот ба мақари худ баргаштаанд.” Ҳамлаҳои ахирро ин нафар, ки худро намояндаи созмони Ҷиҳоди исломӣ меномад, интиқом аз режими Ислом Каримов хондааст.

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории русии Интерфакс рӯзи сешанбе аз қавли як манбаъаш адр сохторҳои амниятии Узбакистон навишт, ки ҳамлаҳои ахир дар вилояти Андиҷонро ба эҳтимоли ғолиб ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон анҷом додаанд.

Ҷиҳоди исломӣ гурӯҳи манъшудаи мазҳабиест, ки чанд сол пеш аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон ҷудо ва мустақил шудааст. Мақомоти Узбакистон ин гурӯҳро дар таҳия ва иҷрои чандин амали террористӣ, аз ҷумла дар ҳамлаҳои соли 2004 алайҳи сафоратхонаҳои Амрикову Исроил дар Тошканд, муттаҳам мекунанд.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар бораи вазъи Узбакистон як баёнияи вижа нашр кардааст. Дар ин баёния гуфта мешавад, ки дар шоҳроҳи Тошканд-Андиҷон посгоҳҳои изофии нирӯҳои вижаи Узбакистон гузошта шуда, дар ин посгоҳҳо зиреҳпӯшҳои навъи БТРО ва БМД низ мустақар шудаанд.

Ба гуфтаи марзбонони қирғиз, дар роҳҳои дигари вилояти Андиҷон ва ҳамин тавр, дар чорроҳаҳои ин вилоят низ гурӯҳҳои зудамали муҷаҳҳаз бо зиреҳпӯшҳои низомӣ мустақар шудаанд. Ин посгоҳҳои ҳамаи афрод ва васоили нақлияеро, ки аз Андиҷон ба самти Тошканд мераванд, мӯшикофона таҳқиқ мекунанд. Ба гуфтаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ҳамин тавр роҳҳои байни вилоёти дигари Узбакистон низ таҳти ҳифозат ва назорати шадидтар гирифта шуда, вазъ таҳти назорати мақомоти Узбакистон қарор дорад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳамзамон иддаои додситонии кулли Узбакистонро , ки шоми сешанбе гуфт, ҷангиён эҳтимолан аз қаламрави Қирғизистон вориди Хонобод шудаанд, радд кард ва гуфт, кадом мавриди убури ғайриқонунии марз сабт нашудааст.

Додситонии кулли Узбакистон шоми сешанбе эътироф кард, ки шаби душанбе ба сешанбе алайҳи як посгоҳи милиса дар даромадгоҳи шаҳраки марзии Хонобод ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифтааст, вале ҳамлагарон тавонистаанд бо истифода аз торикии шаб фирор кунанд. Ин ниҳод ҳамчунин хабар дод, ки зӯҳри сешанбе дар шаҳри Андиҷон як нафари ношинос худро тарконд ва ин ҳамлаи интиҳорӣ мунҷар ба ҳалокати як корманди милиса ва захмӣ шудани чанд раҳгузар шудааст.

Аммо дар ҳоле ки додситонии кулли Узбакистон ҳалокати танҳо 2 нафар – як корманди милиса ва худи маргталаб – дар шаҳри Андиҷонро тасдиқ мекунад, хабаргузориҳо дар бораи кушта шудани шумори бештари афрод хабар медиҳанд. Радиои “Эхо Москви” дар бораи ҳалокати дастикам 7 нафар бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Андиҷон хабар додааст. Расонаҳои интернетӣ, аз ҷумла Узнюс, бо истинод ба як корманди яке аз муассисаҳои тиббии Андиҷон шумори кушташудагон дар Андиҷону Хонободро 16 нафар баршумурда, мегӯяд, 5 ҷасад ба мурдахонаи шаҳри Андиҷон ва 11 ҷасад ба мурдахонаи ноҳияи бо Хонобод ҳамҷавори Қӯрғонтеппа мунтақил шудааст.
XS
SM
MD
LG