Пайвандҳои дастрасӣ

Афсари аршад боздошт гардид


Ожонсии мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як афсари аршади Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва ҳабс кард.

Ҳувияти афсари боздоштгардида алъон рӯшан карда намешавад, аммо таҳқиқи парвандаи ӯро Ожонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон ба даст гирифтааст, ҳарчанд вай дар ҷануби кишвар, дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон дар мавзеъи Панҷи Поён ба даст афтодааст. Саймурод Худойбердиев, сардори ситоди Ожонсии мубориза бо гардиши маводи мухаддир дар вилояти Хатлон, дар ин иртибот ба радио Озодӣ гуфт:

«Дар ин бора кормандони Ожонсии марказӣ иттилоъ дарёфта, амалиёти «дастгирӣ» ташкил карданд. Вай бо 8 кило афюн ба даст афтодааст. Ҳоло нафари боздоштшуда дар боздоштгоҳи Душанбе нигаҳдорӣ шуда, тафтиш идома дорад. Маълум шудааст, ки ин аввалин ҷинояти содиркардаи афсари марзбон нест ва дар гузашта ҳам даст доштан ё мусоидат карданаш ба гардиши маводи мухаддир тақрибан собит шудааст».

Ба гуфтаи мақомоти ожонсӣ, ҳамчунин ин фарзия низ таҳқиқ мешавад, ки гӯиё афсари боздоштшуда бо сохтани ба истилоҳ коридор ё гузаргоҳ барои интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва ҳамин тавр то ба Русия мусоидат мекардааст.

Ожонсии зидди маводи мухаддири вилояти Хатлон моҳе қабл эълом дода буд, ки дар миёни кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва қудратии Хатлон афроди мусоидаткунанда ва ҳамдасти гурӯҳҳои созмонёфтаи қочоқбар низ ҳастанд. Боқӣ Абдуллоев, муовини раиси Ожонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар вилояти Хатлон, мегӯяд, ин гурӯҳҳои созмонёфтаи байнулмилалӣ тавассути мусоидат ва пуштибонии иддае аз мақомот маводи мухаддирро гардиш медиҳанд:

«Табиист, вақте аз гурӯҳҳои созмонёфта ҳарф мезанем, инчунин ин далелҳо, ки ҳомиёни чунин гурӯҳҳо киҳоянд, аз ҷониби кӣ пуштибонӣ меёбанд, низ мавриди тафтиш қарор мегиранд ва дар ин робита ҳоло корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд».

Дар соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон беш аз 50 ҷинояти вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шуда, қариб 350 кило маводи мухаддир, аз ҷумла ҳероин, афюн, канабис ва ҳашиш аз муомилот берун кашида шудааст.

Гуфта мешавад, ҳаҷми аксари маводи мухаддир дар навоҳии назди марзии вилояти Хатлон мусодира шуда, дар ду соли ахир ду корманди хадамоти марзбонӣ бо ҷурми мусоидат ба қочоқи он дастгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG