Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Субҳи 27-уми май, тахриби бозори "Зарнисор" дар канори ғарбии Душанбе шурӯъ шуд. Тахриби "Зарнисор" бо амри додгоҳ сурат мегирад.

Субҳи чоршанбе, 27 май мақомот бар асоси ҳукми додгоҳ ба тахриби ин бозор шурӯъ карданд. Як гурӯҳи коргарон ба кандани боми сохтмони сетабақаи "Зарнисор" пардохтанд ва аз зер булдозер дӯконҳои хурди даруни бозорро ба замин баробар мекард.

Бино бар ҳукми додгоҳи ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистон, ки баъдан тавассути Додгоҳи олии иқтисодӣ низ таъйид шуд, бозори «Зарнисор» бо нақзи қавонини Тоҷикистон бино шуда буд. Вале соҳибмулкони бозор мегуфтанд, онҳо ҳама муқаррароти қонунро ба ҳангоми сохтмони бино риоя карда буданд. Д

ар даҳаи аввали моҳи май тоҷирзанони ин бозор ба нишони эътироз аз тасмими додгоҳ дар мавриди тахриби бинои «Зарнисор» се рӯз гуруснанишинӣ карда буданд. Баъдан онҳо аз мақомот дархости иҷозаи гирдиҳамоӣ карданд, вале посухи рад гирифтанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG