Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф Ализода омбудсмен шуд


Зариф Ализода нахустин намояндаи ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ё обмудсмени Тоҷикистон таъин шуд.

Имрӯз, 27-уми май, вай дар ҳузури вакилони Тоҷикистон савганд ёд кард ва содиқ будани худро дар иҷрои қонун ва риояи ҳуқуқи инсон баён дошт.

Зариф Ализода соли 1962 дар ноҳияи Колхозобод таваллуд шудааст ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо тахассуси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Сармутахассиси Кумитаи Шӯрои олии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, раҳбари Кумитаи назорати конститутсионии Тоҷикистон, узви Комиссияи оштии миллӣ, вакил ва раҳбари Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порлумони Тоҷикистон будааст. Солҳои 2003-2006 Раиси Додгоҳи Қонуни асосии кишвар буд. Баъдан, мушовири давлатии раисҷумҳур ва намояндаи раисҷумҳур дар порлумон таъин гардид.

Қонун доир ба омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи инсон моҳи марти соли гузашта аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда буд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар кишвар гуфта буданд, ин қонун ноқис аст ва ваколатдори ҳуқуқи инсонро пойбанди раисҷумҳур мекунад.
XS
SM
MD
LG