Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Ватикан ба пахши реклама розӣ шуд


Радиои Ватикан гуфт, ки бо сабаби болоравии қиматҳо дар кори худ як навоварӣ ҷорӣ мекунад, ки он ҳам пахши эълону таблиғоти тиҷоратӣ мебошад. Аз замони таъсиси ин шабакаи мазҳабии радиоӣ дар соли 1931 барои нахустин бор аст, ки радиои Ватикан дар барномаҳояш чунин тағйиротро ҷорӣ мекунад. Фаъолияти солонаи радиои мазкур 21 миллион евроро тақозо мекунад. Он маъмулан хабарҳои охиринро аз Калисои Католикӣ пахш мекунад ва аз ҳамин хотир номи дигари он "Садои Поп" мебошад. Қарор аст ҳамакнун ниҳоди вижае барои интихоб ва пахши эълону таблиғоти тиҷоратӣ машғул шавад. Аз моҳи июл қарор аст Радиои Ватикан барномаҳояшро бо тағйироти нав пешкаши шунаванда гардонад.
XS
SM
MD
LG