Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи бераҳмонаи Аила ба Бангладеш ва Ҳинд


Дар натиҷаи ҳуҷуми тӯфони Аила дар Бангладеш ва шарқи Ҳинд ҳудудан 200 нафар ба ҳалокат расида, милёнҳо нафари дигар бо хатари обу селхезиҳо рӯбарӯ шудаанд. Ин мардум манзилҳои худро тарк карда дар паноҳгоҳҳои муваққат панаҳ бурдаанд. Хабаргузориҳои Бангладеш мегӯяд, ки дирӯз дар ин кишвар аз дохили лою об ҷасади даҳҳо нафар ошкор шуд ва феълан шумори қурбониҳо 130 нафарро ташкил медиҳад. Ҳинд мегӯяд, ки дар Банголаи Ғарбӣ 64 нафар ба ҳалокат расиданд. Тӯфони Аила рӯзи душанбе ба соҳилҳои Бангладеш ва қисмати шарқии Ҳинд ҳамла карда сокинони зиёдро маҷбур кард манзилҳояшонро тарк кунанд. Бо вуҷуди фаъол будани шабакаи кӯмакрасонӣ ба мардум мақомоти ин кишварҳо ҳарос доранд, ки шумори қурбониҳо метавонад афзоиш ёбад.
XS
SM
MD
LG