Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват аз номзадҳои интихоботии Эрон


Созмони Гузоришгарони бидуни марз аз номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон даъват кард, ки озодии матбуотро фароҳам оварда даҳҳо хабарнигорон ва блоггерҳои зиндониро озод кунанд. Дар изҳороти Гузоришгарони бидуни марз гуфта мешавад, ки аз соли 2005 ба ин сӯ дар Ҷумҳурии Исломӣ беш аз 100 расона сонсур шуда беш аз 100 журналист ва муассиси блогҳои интернетӣ боздошт ва муҷозот шуданд. Назар ба арзёбиҳои ин созмон, дар қаламрави Ховари Миёна таи солҳои зиёд шумори бештарини журналистони зиндонӣ дар Эрон мушоҳида мешавад.
XS
SM
MD
LG