Пайвандҳои дастрасӣ

Ошкоршавии гӯри дастаҷамъии нав дар Босния


Дар шарқи Босния ахиран гӯри нави дастаҷамъие ошкор шуд, ки бовар меравад, дар он ҷасади қурбониҳои бештари рӯйдодҳои соли 1995-уми Сребренитса маҳфуз будааст. Сухангӯи Комиссиюни афроди гумномшудаи Босния гуфт, ки гӯри дастаҷамъии нав дар наздикии шаҳри Власенитса ёфт шудааст. Хонум Лайло Тсенгитс гуфт, ки дар дохили ин қабр боқимондаҳои нӯҳ нафар ошкор шудааст ва мақомот умедворанд, ки нишонаҳои 20 нафари гумномшудаи дигарро низ пайдо хоҳанд кард. Амалиёти таҳқиқ ва шиносоии ҷасадҳо эҳтимолан чанд рӯз идома кунад. Дар солҳои ҷанги дохилии 1992-1995 нирӯҳои сербҳои босниягӣ дар маҳалли Сребренитса дар маҷмӯъ ҳашт ҳазор мардону ҷавонони мусалмонро нобуд кардаанд.
XS
SM
MD
LG