Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама озодшавии Су Чиро талаб кард


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама аз мақомоти Мянмар тақозо кард, ки раҳбари мухолифин Аунг Сан Су Чиро билофосила ва бидуни пешшарте озод кунанд. Барандаи 63-солаи ҷоизаи Сулҳи Нобел шаш соли охир дар ҳабси хонагӣ ба сар бурдааст. Ӯро эҳтимолан барои нақзи муқаррароти ҳабси хонагиаш ба мӯҳлати панҷ сол равонаи зиндон кунанд. Ҳодисаи мазкур бо интиқодҳои шадиди ИМА, Иттиҳодияи Аврупо, СММ ва дигар созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон рӯбарӯ шуд.
XS
SM
MD
LG