Пайвандҳои дастрасӣ

Тирандозиву таркиш дар Ӯзбакистон


Рӯзи сешанбе аз Ӯзбакистон хабари тирандозӣ ва дасти кам як таркише дар марз бо Қирғизистон ба даст омад. Дар хабари марбут ба тирандозиҳо дар посгоҳи марзии Ӯзбакистону Қирғизистон тафсилоти зиёд дар даст нест ва паёмадҳои ин ҳодиса низ мушаххас нашудааст. Сухангӯи додстонии кулли Ӯзбакистон Светлана Ортиқова гуфт, ки дар робита бо ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳе болои посгоҳи марзии Хонобод, ки шаби душанбе ба сешанбе иттифоқ уфтодааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Вай гуфт, ки дар ин ҳодиса ҳеҷ кас осеб надидааст. Ва дар нимаи дуюми рӯзи сешанбе дар Андиҷон, тибқи гузоришҳо, марде бо маводи тарканда ба полисе ҳамла карда ӯро ба ҳалокат расондааст. Таъиди ин хабарҳо тавассути манобеи мустақил ғайриимкон аст.
XS
SM
MD
LG