Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озмоиши мушакии нави Кореяи Шимолӣ


Имрӯз Кореяи Шимолӣ боз як озмоиши мушакии худро анҷом дод. Баъди озмоиши ҳастаии зеризаминии Пхенян, ки рӯзи душанбе баргузор шуд, ин сеюмин озмоиши мушакҳои кӯтоҳпарвоз аст, ки дар қаламрави Кореяи Шимолӣ анҷом мешавад. Озмоиш дар соатҳое баргузор шуд, ки дар Ню-Йорк аъзои Шӯрои амнияти СММ паси дарҳои баста ташкили ҷаласа карда тадбирҳои муҷозоткунандаи Кореяи Шимолиро барои анҷоми озмоиши ҳастаии ғайримуҷозаш баррасӣ мекунанд. Рӯзи душанбе Шӯрои амният озмоиши ҳастаии Пхейнянро бо раъйи оро маҳкум карда ҳоло дар андешаи тадбирҳоест, ки пеши роҳи ин кишварро аз рушди фанновариҳои ҳастаӣ ба хотири дастёбӣ ба силоҳи атомӣ бигирад. Дар вокуниш ба танқидҳои ҷаҳонӣ, ки ба он ҳатто Эрон ҳам ҳамроҳ шудааст, Пхенян рӯзи сешанбе озмоиши ду мушаки кӯтоҳпарвозашро анҷом дод.
XS
SM
MD
LG