Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амният тадбирҳои зидди Пхенянро андеша дорад


Шӯрои амнияти СММ паси дарҳои баста ташкили ҷаласа карда тадбирҳои муҷозоткунандаи Кореяи Шимолиро барои анҷоми озмоиши ҳастаии ғайримуҷозаш мавриди баррасӣ қарор дод. Рӯзи душанбе Шӯрои амният озмоиши ҳастаии Пхейнянро бо раъйи оро маҳкум карда ҳоло дар андешаи тадбирҳоест, ки пеши роҳи ин кишварро аз рушди фанновариҳои ҳастаӣ ба хотири дастёбӣ ба силоҳи атомӣ бигирад. Дар вокуниш ба танқидҳои ҷаҳонӣ, ки ба он ҳатто Эрон ҳам ҳамроҳ шудааст, Пхенян рӯзи сешанбе озмоиши ду мушаки кӯтоҳпарвозашро анҷом дод.
XS
SM
MD
LG