Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти раҳбарони КазАтомПром дар Қазоқистон


Буржан Иброев-яке дигар аз руасои ширкати урани Қазоқистон бо номи КазАтомПром рӯзи душанбе боздошт шуд. Ҳафтаи гузашта ба иттиҳоми дуздии пули ширкат Мухтор Ҷакишев--раиси ширкат, Дмитрий Парфёнов ва Малхаз Цоцория-муовинони вай боздошт шуданд. Мухтор Ҷакишев яке аз тарафҳои наздики тиҷоратии Мухтор Аблиёзов-бонкдори маъруфи Қазоқистон дониста мешавад. Аблиёзов дар авоили соли ҷорӣ маҷбур шуд аз Қазоқистон фирор кунад, зеро мақомот бонки вайро гирифтанд ва бар зиддаш парванда боз карданд. Аз 7 нафар раҳбарони КазАтомПром танҳо ду нафар дар озодӣ ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG