Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти Сангтӯда-1 дар дасти кист?


Хабаргузории ИТАР ТАСС-и Русия иттилоъ додааст, ки дар Тоҷикистон ба сабаби набуди руғаниёти молиданӣ амалан тамоми воситаҳои нақлиётии сохтмони ниругоҳи барқи обии Сангтӯда-1 муттаваққиф шудааст. Дар ин бора Раҳматулло Алжанов-раиси кулли ин сохтмон хабар додааст. Вай гуфтааст: "Пул барои харидории маводи сӯхт нест, зеро то ҳол мақомоти Тоҷикистон пули барқеро, ки Сангтӯда-1 тавлид кард, пардохт накардаанд". Бино ба гуфтаи ин манбаъ, субҳи рӯзи сешанбе сохтмони нирӯгоҳ низ боздошта шудааст. Алжанов гуфтааст, Тоҷикистон 18 миллион доллар барои истифодаи барқи Сангтӯда-1 аз Русия қарздор аст. 75 дарсади сҳмияи сохтмони мазкур дар ихтиёри Русия аст ва он дар сурати такмил 670 мгвт барқ тавлид мекунад.
XS
SM
MD
LG