Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон таъйид кард, ки Узбакистон аз шаби 25 бар 26 май марзҳояш бо Қирғизистонро бастааст.

Ба гуфтаи Чулпонбек Турусбеков, тибқи иттилое, ки ба дасти онҳо расидааст, шаби 25 бар 26 май дар ноҳияи Хонободи вилояти Андиҷон, ки бо вилояти Ҷалолободи ин кишвар ҳаммарз мебошад, тирпарронӣ сурат гирифтааст ва ба ин далел Узбакистон ҳифозати марзҳояш бо кишвари вайро шадидтар кардааст.

Ба гуфтаи Чулпонбек Турусбеков, баъди ҳодисаҳо дар ноҳияи Хонободи Узбакистон хадамоти марзбонии Қирғизистон низ тасмим гирифт, ки аз нимаи рӯзи сешанбе ҳимояи марзҳои худро шадидтар кунад ва барои чанд муддат ба режими омодабош гузарад. Муовини раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ки акнун ҳар як шаҳрванд новобаста аз тобеъияти худ ба ин ё он кишвари ҳаммарз аз назорати сахти марзбонон мегузарад. Ба гуфтаи Чулпонбек Турусбеков ин режим имкон медиҳад, ки марзбонони кишвараш аз убуру мурури афроди номатлуб ҷилавгирӣ хоҳанд кард.

Аммо ба гуфтаи мақомоти вилояти Ҷалолобод, ки бо чанд ноҳияи вилоятҳои Андиҷон ва Намангони Узбакистон марзҳои муштарак дорад, рӯйдодҳои Хонобод вазъи ин вилоят таъсире нагузоштааст. Ба таъкиди мақомоти вилояти Ҷалолобод, дар мавриди убуру мурур аз тариқи посгоҳҳои ду самти марз ягон мушкилот эҷод нашуда ва мардум ва мошинҳои зиёд чун ҳамеша посгоҳҳоро ба осонӣ убур мекунанд.

Бино ба баёнияи расмии хадамоти марзбонии Қирғизистон, бо вуҷуди ҳаводиси шаҳраки Хонободи Узбакистон марзбонони ин кишвар ягон ҳолати ғайримуқаррариро мушоҳида накардаанд.
XS
SM
MD
LG