Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзгирандагон ва қарздиҳандагон


Дар давоми асрҳо мардум эҳтиёҷи худро аз ҳисоби гирифтани қарз аз авлоду ҳамсоя ба сомон мерасониданд.

Зайнаби Муҳиддин

Вале солҳои ахир баъзеҳо бо гирифтани қарз дар фикри бозпардохти қарзҳои гирифтаашон нестанд. Ба қавле қарзро ба грант табдил додаанд ва табиист, ки вазъи мавҷуда боиси баҳсу низоъҳо мегардад.

Умедҷони Саъдулло, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд ки аз се нафар ба андозаи 300 сомонӣ қарз гирифтааст, вале давоми чаҳор моҳ мешавад, ки қарзашро баргардонида наметавонад. Ба гуфти Умед, ӯ аз шиносҳояш қарзро гирифтааст ва ҳангоми гирифтани маблағ ваъда дода буд, ки дар мӯҳлати муаяйншуда бармегардонад, аммо инак аз мӯҳлати ваъдашуда се моҳ сипари шудааст, аммо ӯ ба бозгардони қарз муваффақ нашудааст.

Умед мегӯяд, ки карзҳои хурд, яъне аз 50 сомони то 100 сомонӣ, аз наздикони дигараш низ гирифтааст ва ният дорад боз 100 доллари дигар, ки имрӯз ба 457 сомонӣ баробар мебошад, аз рафиқаш қарз гирад. Умед меафзояд, ки духтарчааш мариз асту табибон ба ӯ табобат фармудаанд.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон дар зери шиддати вазъи иқтисоди ҳолатҳои қарзгирӣ аз тарафи шаҳрвандон зиёд ба назар мерасад. Аз сабаби он ки бонкҳо аз шаҳрвандон ба ивази маблағи қарз фоизи баланд мегузоранд ва гарави калон ҳам талаб мекунанд, аксарияти шаҳрвандон қудрати ба бонкҳои давлати муроҷиат кардан ва гирифтани қарзро надоранд. Вале миёни шаҳрвандон додан ва гирифтани қарз маъмул гардидааст. Агарчи ин падида дар ҷомеаи Тоҷикистон нав нест, вале бо вуҷуд муносибатҳо ва ё механизми меъёрии ҳуқуқии он аз тарафи ҳар ду ҷониб иҷро намегардад.

Дар қонунгузории Тоҷикистон мушаххас шудааст, дар сурате ки шаҳрвандон дар асоси муносибатҳои инфиродии байниҳамдигарӣ қарз медиҳанд ва ё қарз мегиранд, бояд ҳатман ҳуҷҷати тасдикқкунанда, яъне забонхат дошта бошанд. Вале механизми иҷроиши талаботи ин санад дар муносибатҳои инфиродии шаҳрвандон ҳангоми гирифтан қарз ва ё додани он одатан иҷро намешавад.

Гулбаҳор Маҷидова, як зани 34-сола, мегӯяд, давоми се сол аст, ки ба яке аз шиносҳояш қарз додааст. Аммо ҳангоми додани қарз аз сабаби он ки шиносаш будааст, забонхат нагирифтааст ва то ба имрӯз қарзгиранда аз сабаби он ки имконияти баргардонидани қарзро надорад, маблағи ӯро барнагардонидааст. Гулбаҳор дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки ӯ ба чанд нафари дигар ҳам бе забонхат 100-200 сомонӣ қарз додааст, аммо онҳо низ қарзашро барнагардонидаанд. Вай мегӯяд, «азбаски онҳо шиносҳои ман ҳастанд ман наметавонам барои баргардонидани маблағҳоям ба додгоҳ шикоят барам. Дигар ин, ки шароити иқтисодии онҳо ҳоло имкон намедиҳад ки қарзи маро баргардонанд. Худое накунад ки ҳоло барои ман маблағ даркор шавад».

Ҳолатҳои барнагардонидани қарз дар ҳаҷми хурд ҳам бошад дар ҷомеаи Тоҷикистон ба он оварда расонидааст, ки ҳатто дигар мардум ба ҳамдигар ҳатто дар рӯзҳои душвор аз додани қарз худдорӣ мекунанд. Пас онҳое, ки ба дигарон қарз додаанд, вале забонхат нагирифтаанд, оё метавонанд ба додгоҳҳо муроҷиат кунанд?

Ба гуфти собиқ муовини аввали раиси додгоҳи олии Тоҷикистон Махмадалӣ Ватанов, ки феълан вакили Маҷлиси Намояндагон аст, бояд шаҳрвандон ҳангоми додан карз ҳуҷҷати лозима, яъне забонхатро гиранд. Дар сурати сари вақт напардохтани карз дар асоси ин ҳуҷҷат шаҳрвандон метавонанд даъвои додгоҳӣ кунанд. Ба гуфти ҳамсӯҳбатам дар қонунгузории Тоҷикистон муқарар шудааст, ки шаҳрвандон то гирифтани 600 сомонӣ, яъне 10 баробари маоши ҳади ақал метавонанд аз қарзгиранда забонхат гиранд, вале дар сурати аз ин ҳам камтар додани қарз онҳо метавонанд тариқи инфирод забонхат гиранд. То дар сурати зарурат ҳамчун далел истифода шавад.

Ба гуфти оқои Ватанов, асосан шаҳрвандон дар чунин ҳолат бештар ба боварии ҳамдигар ва шиносоӣ такя мекунанд. Вале вақте қарз медиҳанд, баъд ба омилҳо дучор мешаванд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки сатҳи пасти маърифатнокии ҷомеа ва ноогохи мардум аз ҳуқуқи шаҳрвандии хеш боиси рух додани чунин муносибатҳо мегардад. Дар дини мубини Ислом низ гуфта шудааст, ки агар маблағи амонат ва қарз дар мӯҳлати ваъда додашуда баргардонида нашавад, амонатгиранда ва қарзгиранда гуноҳ мегирад. Агар мӯҳлат таъин нашуда бошад амонатгиранда ва қарзгиранда ҳар вақте метавонанд онро пардохт кунанд.
XS
SM
MD
LG