Пайвандҳои дастрасӣ

Гурҷистон Рӯзи Истиқлоли худро баргузор мекунад


26-ӯми май дар рӯзи истиқлоли Гурҷистон ҳазорон нафар мухолифони давлат дар варзишгоҳи Тифлис-пойтахти Гурҷистон раҳпаймоии эътирозӣ анҷом доданд. Ин раҳпаймоӣ қабл аз раҳпаймоии ба нақша гирифтаи онҳо дар хиёбонҳои шаҳр анҷом гирифт, ки дар зимн онҳо истеъфои Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури кишварашонро тақозо мекунанд. Хабарнигорон иттилоъ додаанд, ки тазоҳуркунандагон варзишгоҳи 60 ҳазорнафарии Тифлисро тақрибан пур карда буданд. Мақомоти давлатӣ барои пешгирӣ аз задухӯрд аз паради низомӣ худдорӣ кардаанд. Какҳа Кукава-раҳбари Ҳизби Муҳофизакори Гурҷистон гуфт:

"Имрӯз барои нахустин бор дар таърихи Гурҷистони мустақил Рӯзи Истиқлолро мардуми гурҷӣ баргузор карданд, на танкҳову ҳавопаймоҳо".

Ҳизбҳои мухолифи давлат аз шаш моҳ ба ин сӯ тақрибан ҳар рӯз раҳпаймоиву тазоҳурот баргузор мекунанд ва истеъфои Михоил Саакашвилиро тақозо мекунанд.
XS
SM
MD
LG