Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Ӯзбекистон:дар ҳамлаи марзӣ талафот нест


Бино ба гузоришҳо, дар як посгоҳи марзии Ӯзбекистон дар наздикии марз бо Қирғизистон тирандозӣ ва дастикам як инфиҷор рух додааст. Сабабҳои ин тирандозӣ дақиқ нашудааст. Светлана Ортиқова-сухангӯи Додситонии Кулли Ӯзбекистон ба радиои Озодӣ гуфтааст, баъд аз ҳамлаи шабонгоҳи гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ ба посгоҳи Хонобод додситонӣ парванда боз кардааст. Вай гуфт, ин ҳамла талафоте дар пай надоштааст:

"Гурӯҳи номаълуми ҳамлакунандагон ба посгоҳи марзӣ дар марзи миёни Ӯзбекистону Қирғизистон ҳамла бурданд. Ҳоло парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бозрасон барои шиносоӣ кардан ва боздошти ҷинояткорон тадбирҳо меандешанд. Вазъият ором аст, тадобири зарурӣ гирифта шудааст".

Қаблан мақомоти расмии Қирғизистон хабар доданд, ки бино ба дархости ҷониби Ӯзбекистон марзро бастаанд.
XS
SM
MD
LG