Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкилоти ҳиҷобпӯшии духтарони тоҷик ва баҳси он дар мактабҳои олии боз меҳвари музокираи донишҷӯдухтарон ва устодони донишгоҳ гардид.

Имрӯз дар мактабҳои олии Тоҷикистон мавсими супоридани имтиҳони давлатӣ аст. Вале иддае аз духтарони донишҷӯи ҳиҷопбӯш мегӯянд, ки роҳбарияти донишгоҳашон ба иллати сатр доштан онҳоро ба имтиҳони давлати роҳ намедиҳанд ва иддаи дигарро сарфи назар аз панҷ соли таҳсил аз донишгоҳ хориҷ кардаанд. Он духтарони эътиқодманде, ки ҳиҷоб бар сар доранд, вақти вуруд ба донишгоҳ онро тавре мебанданд, ки ба чашми устодон аён набошад.

Давлатмо Исмоилова, донишҷӯи ҳиҷобпӯш, ки вазорати маорифро барои амраш ба додгоҳ кашид, баъди бенатиҷа анҷом ёфтани талошҳояш шавҳар карда ва аз таҳсил даст кашидааст ...
Гулнора Бобоназарова, ки мебоист имсол факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллиро хатм мекард ва дар қатори ҳамкурсон соҳиби диплом мегардид, аз донишгоҳ хориҷ шудааст. Дар сӯҳбат ба Ояндасоз Гулнора гуфт, саъй дорад, дигарбора таҳсил дар донишгоҳро идома диҳад. Гулнора мегӯяд, ки аз соли дуввум пӯшидани сатрро оғоз карда буд ва манъи пӯшидани ҳиҷоб дар донишгоҳ монеаи дар роҳи ӯ барои хатми донишгоҳ шудааст. Вай мегӯяд, Тоҷикистонро кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд эълон кардаанд ва пӯшидани ҳиҷоб ҳуқуқи фитрии ӯст.

Мушкилоти сатр дар муассисаҳои олии Тоҷикистон ду сол пеш ба миён омад. Ду сол пеш вазири маорифи Тоҷикистон ба донишгоҳҳо рафт ва духтарони ҳиҷобпӯшро аз дарс хориҷ кард, ки ин иқдоми вазир дар ҷомеаи Тоҷикистон саду садоҳоро ба миён овард. Ҳарчанд духтарон барои ҳимояи ҳуқуқи хеш то ба додгоҳ шикоят бурданд, аммо додгоҳ амри вазорати маорифро дуруст донист.

Давлатмо Исмоилова, донишҷӯи ҳиҷобпӯш, ки вазоратро барои амраш ба додгоҳ кашида буд, баъди бенатиҷа анҷом ёфтани талошҳояш шавҳар карда ва аз тахсил даст кашидааст. Донишҷӯи дигар Мамлакат, ки шахсан ӯро вазири маориф соли гузашта аз донишгоҳ пеш карда буд, имрӯз имтиҳони давлатӣ месупорад. Мамлакат мегӯяд, ки вақте вориди донишгоҳ мешавад, маҷбур аст, ки сатрашро тағйир диҳад. Агар сатрашро дигар накунад, ба ӯ иҷозаи даромадан намедиҳанд.

Давлатмо Исмоилова, донишҷӯи ҳиҷобпӯш
Ба гуфти Мамлакат, ӯ пайрави ягон ҳизби сиёсии динӣ ва равияҳои нави динӣ нест ва шуданӣ ҳам нест. Вале мехоҳад, ки сатр дошта бошад. Мамлакат ният дорад, ки баъди хатми донишгоҳ ба ягон муассиса ба кор дарояд ва аз рӯи ихтисоси хеш кор кунад. Аммо нигарон аст, ки эҳтимол аз рӯи сатраш ҷойи кор наёбад.

Муовини ректори Донишгоҳи милии Тоҷикистон Латофат Назирова дар сӯҳбат ба Ояндасоз гуфт, ки ду донишҷӯро аз сабаби сатр доштан аз донишгоҳ хориҷ кардаанд. Ба гуфти хонум Назирова, донишҷӯён бояд талаботи ойинномаи мактабҳои олиро, ки вазорати маориф тасдиқ кардааст, риоя кунанд: «Мо намехоҳем, ки донишҷӯён пайрави равияҳои динӣ ва гурӯҳҳои дигар шаванд. Барои ҳамин роҳбарияти донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки назоратро дар ин самт ҷиддӣ намуда, пеши роҳи гаравидани ҷавонҳоро ба равияҳои динӣ гиранд».

Мутахассиси вазорати маориф Ҷалолиддин Амировдар сӯҳбат ба хабарнигорон иброз дошта буд, ки риоя намудани сару либоси тавсиявии вазорати маориф барои ҳар як донишҷӯ ҳатмӣ аст хатмӣ аст. Бояд донишҷуу бо сару либосаш аз дигарон фарқ дошта бошад.

Мушкилоти ҳиҷоб ва монеаи он давоми ду сол аст, ки дар мактабҳои оли Тоҷикистон мавриди баҳс қарор мегирад, вале амри вазорати маорифи Тоҷикистон дар баробари мухолифон теъдоди зиёди тарафдорон ҳам доштааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG