Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагии як навраси маълули хуҷандӣ


«Як аробача доштам шикаст ва ҳоло наметавонам ба берун баромада бозӣ кунам. Аробачаро ҳам дуруст намекунанд. Аққалан як комютер медоштам, бозӣ ё кор карда мешиштам дар хона».

Қамари Аҳрор

Ин суханони Фахриддин - як навраси маълули хуҷандист, ки бо забони на чандон равони худ мегӯяд, дар канор мондан аз ҳамсолону аз мактаб ва бе баҳра мондан аз бозиҳои даврони бачагӣ дар ин фасли зебои баҳор ӯро хаста кардааст.

Раҳима, модаркалони Фахриддин, мехоҳад набераи нахустинаш мисли дигар ҳамсолонаш ҳарфу рақам ва ё навиштану мутолиа карданро аз худ намояд. Вале ба амри тақдир Фахриддин аз овони тавваллуд дучори фалаҷи сутунмуҳра гардидааст.

Холаи Раҳима мегӯяд, феълан дар оила ҳамроҳи Фахриддин ва модараш Раъно ба сар мебарад. Падари Фахриддин - Комил ду сол аст, ки барои дарёфти рӯзи ба Русия ҳичрат кардааст. Мусоҳибам Раҳима мегӯяд, ӯ дар яке аз сохторҳои давлатӣ кор мекунад ва моҳонааш 380 сомонӣ, муодили 80 доллар аст. Раҳима мегӯяд, наметавонад Фахридинро муолиҷа кунад, зеро имконоти иқтисодиаш маҳдуд аст: «Маблағи кироӣ надорем барои хоб рафтанаш дар беморхона. Ҳадди аққал 500 сомон. пул даркор».

Тибқи иттилои манбаҳои расмии вилояти Суғд, шумори кӯдакони маълул ва ниёзманд ҳамасола меафзояд. Ва назар ба иттилои воқеӣ, феълан худуди 5 ҳазор кӯдаки ниёз ба кумаки махсусдошта ба сар мебаранд, ки на ҳамаи онҳо дар мактаб-интернатҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Ба ин хол Махина Усмонова, мутахассиси раёсати маорифи Сугд, мегӯяд, ҳоло дар миқёси вилоят 4 мактаб-интернат ва боғча фаъолият мебарад, ки дар он 411 кӯдак ва навраси нуқсондор таълиму тарбия мегиранд.

Мақомоти Суғд мегӯянд, ҳоло 4500 ҳазор чунин кӯдакон аз таълиму тарбия барканор мондаанд. Ба баррасии ин мавзӯъ мо аз ҷумла аз вазъи чанд марказҳои муоилиҷавӣ дидан кардем ва ба ҳангоми сӯҳбат Адолат Каҳҳорова, мутахассиси нутқи забони дар маркази ташхис, барои кӯдакони имконияташон махдуди шаҳри Хуҷанд, иброз дошт, «мо ягон муассисаи махсус барои кӯдакони шунавоияшон суст надорем. Барои кӯдакони инкишофи ақлониашон суст мактаби гузариш зарур аст. Ташкили гурӯҳҳо, синфҳо, мактабҳо ва муассисаҳо, ки чунин кӯдаконро ба оғӯши худ мегирад, амали зарурист».

Аммо Шаҳло Собирова, корманди ташкилоти ҳуқуқшиносони ҷавонон мавсум ба "АМПАРО", мегӯяд, адами шароити иқтисодӣ дар кишвар сабаби нақзи хуқуқи кӯдакони маълул ба маводи ниёзи онҳо аз сӯи мақомот шудааст: «Бисёри модароне, ки ба ташкилоти мо муроҷиат мекунанд, аз набуди аробачаҳо барои фарзандони маълулашон ва доруворӣ шикоят мекарданд. Аксарият кӯдакони онҳо бо дору таъмин карда намешавад. Ҳарчанд ин дар қонун пешбини карда шудааст».

Аммо на ҳамаи ҷавонони маълул худро хаставу дилмонда меҳисобанд. Мусоҳибам Даврон - сокини 25-солаи Хуҷанд, ки бо амри тақдир нобино шудааст, мегӯяд, касеро ба мушкилоташ гунаҳгор намеҳисобад ва аз касе ҳам умед надорад, ки ба ӯ кумак хоҳанд кард. Ӯ дар корхонаи таълиму истеҳсолии ҷамъияти нобиноёни Хуҷанд шуғли ресмонбофи дорад ва шод аст, ки чунин маҳсули ранҷаш бозоргир ва дастнигари касе нест.
XS
SM
MD
LG