Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо дар бораи тирандозӣ дар шаҳраки Узбакистон


Дар бораи як тирандозӣ дар марзи миёни Ӯзбекистону Қирғизистон дар шарқи Ӯзбекистон гузоришҳо ба даст мерасад. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, миёни пулис ва як гӯруҳи мусаллаҳи номаълум тирандозӣ сурат гирифтааст. То ҳол рӯшан нашудааст, ки ин тирандозӣ дар шаҳраки Хонободи Ӯзбекистон сурат гирифтааст ё дар атрофи он. Барои гирифтани тавзеҳоти дақиқ мақомоти расмии Ӯзбекистон дар дастрасии матбуъот қарор надоранд. Сокинони шаҳраки Андиҷон, воқеъ дар 80 километрии Хонобод ба радиои Озодӣ гуфтаанд, онҳо субҳи имрӯз, дастикам, садои як инфиҷорро шунидаанд ва афзоиши ҳузури низомиёнро дар шаҳраки худ мушоҳида кардаанд. Мақомоти Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфтаанд, бино ба дархости ҷониби Ӯзбекистон марзро бастаанд.
XS
SM
MD
LG