Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба хабарҳои нашршуда, шаби гузашта дар посгоҳи марзии Хонобод, воқеъ дар марзи вилояти Андиҷони Узбакистон бо Қирғизистон таркиш рух додааст.

Бино ба ин хабарҳо, байни нирӯҳои пулис ва силоҳбадастони ношинос як даргирӣ низ иттифоқ уфтодааст. Аммо ҳанӯз дақиқ нест, ки даргирӣ низ дар Хонобод рух дода ва ё дар ягон минтақаи дигар. Хабаргузории ИТАР-ТАСС аз қавли расонаҳои минтақавӣ навишт, ки ба дунбол ба Хонобод зиреҳпӯшҳои низомиро ворид кардаанд.

Як мақом аз маъмурияти Хонобод рух додани таркиш дар посгоҳи марзии Хонободро таъйид карда, вале гуфтааст, ҳанӯз маълум нест, ки оё ин инфиҷор кадом қурбоние ба ҷой гузоштааст ё на. Сокинони шаҳри Андиҷон мегӯянд, садои дасти кам як таркишро шунидаанд. Онҳо афзоиши ҳузури нирӯҳои низомиро низ таъйид мекунанд.

Мақомоти расмии Узбакистон то ҳол дар қиболи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд. Аммо ба гуфтаи як ходими идораи умури дохилаи ноҳияи Хонободи Андиҷон шаби 25 бар 26 як гурӯҳи силоҳбадастон болои идораҳои интизомӣ ҳамла овардаанд. Вале ин манбаъ нагуфт, ки гурӯҳи силоҳбадастон ба идораи амният ҳамла овардаанд ва ё идораи умури дохилаи ноҳияро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабарҳои расида, субҳи сешанбе ҳамаи роҳҳои ба сӯи Хонободро, ки дар тақрибан 80-километрии шаҳри Андиҷон воқеъ аст, низомиён таҳти ҳифозат гирифта, дар роҳҳое, ки Узбакистонро бо Қирғизистон мепайванданд, посгоҳҳои изофӣ таъсис додаанд. Шоҳидон мегӯянд, дар ин роҳҳо зиреҳпӯшҳои ҷангӣ низ истодаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон таъйид кард, ки Узбакистон ба таври якҷониба ду посгоҳи марзиаш бо Қирғизистонро бастааст. Яке аз ин посгоҳҳо вилояти Андиҷонро бо вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ва дуввумӣ бо вилояти Ӯш мепайваст.

Ба гуфтаи марзбонони қирғиз, ҷониби Узбакистон шояд ба маҳзи ҳамлаи мусаллаҳонаи шаби гузашта ба посгоҳи марзии Хонобод даст ба ин иқдом, яъне бастани ду посгоҳи марзиаш зада бошад. Аммо мақомоти марзбонии Қирғизистон аз шарҳи бештари ҳодиса ва теъдоди эҳтимолии қурбониёни ҳамла ва таркиши шаби гузашта дар посгоҳи Хонобод худдорӣ варзида, мегӯянд, ҳодиса дар қаламрави кишвари ҳамсоя рух додааст.
XS
SM
MD
LG