Пайвандҳои дастрасӣ

Сан Су Чӣ нақзи муқаррароти ҳабси хонагиро рад кард


Аунг Сан Су Чӣ-раҳбари мухолифони Мянмар имрӯз дар додгоҳи зиндон гуфт, ки вай бо ташрифи марди амрикоӣ ба хонааш муқаррароти ҳабси хонагиро вайрон накардааст. Аз замоне, ки мақомоти низомии Мянмар вайро барои ин ҳодиса дар аввали моҳ гунаҳгор эълон карданд, Сан Су Чӣ бори аввал дар додгоҳ сӯҳбат мекунад. Сан Су Чӣ барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел аст ва агар вайро муттаҳам донанд, вай 5 сол маҳкум ба зиндон хоҳад шуд. Низомиён ташрифи амрикоиро ҳамчун баҳона барои идомаи боздошти Сан Су Чӣ истифода мекунанд, то вайро то поёни соли ҷорӣ, яъне то анҷоми интихобот дар боздошт нигоҳ доранд.
XS
SM
MD
LG