Пайвандҳои дастрасӣ

Кореяи Шимолӣ ду мушаки дигар озмоиш дод


Хабаргузории Йоҳапи Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, ки имрӯз Кореяи Шимолӣ ду мушаки кӯтоҳбурди худро озмоиш додааст. Як рӯзи пеш ин кишвар озмоиши ҳастаӣ анҷом дод. Дар гузориш омадааст, яке аз ин мушакҳо мушаки замин ба ҳаво ва дигараш мушаки замин ба киштиҳо будааст. Озмоиши ин ду мушак дар соҳили шарқии Кореяи Шимолӣ анҷом гирифтааст. Бурди ҳар як аз ин мушакҳо тақрибан 130 километрро ташкил медиҳад. Рӯзи душанбе Кореяи Шимолӣ дуввумин озмоиши ҳастаии зерзаминии худро анҷом дод ва 3 мушаки кӯтоҳбурд партоб кард. Маҳофили байналмиллалӣ ин иқдоми Кореяи Шимолиро маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG