Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ дар Дарвоз


Идораи марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ дар ноҳияи Дарвоз иттилоъ дод.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯйи идораи марзбонӣ ба Озодӣ гуфт "ин гурӯҳи муташаккили қочоқбаре буд, ки аз сӯи маъмурони амниятӣ ва Оҷонси мубориза бо маводи нашъадор" боздошта шудааст. Аммо ин масъули дафтари матбуотии идораи марзбонӣ аз шарҳи бештар дар мавриди ин гурӯҳ худдорӣ варзида, танҳо гуфт, ки аз онҳо 65 кило маводи мухаддир, миқдори зиёди аслиҳа ва дигар муҳимоти ҷангӣ кашфу забт шудааст.

Хабаргузории маҳаллии «Авасто» илова кардааст, ки шумори боздоштшудагон аз ҳамин гурӯҳи муташаккили қочоқбар даҳ нафар будааст.

Хушнуд Раҳматуллоев ҳамчунин гуфт, дар оғози ин ҳафта марзбонҳои тоҷик бо гурӯҳи қочоқбарони афғон, ки мехостанд ғайриқонунӣ марзи Тоҷикистонро убур кунанд, вориди даргирӣ шудаанд. Вай гуфт, дар натиҷа ин гурӯҳи номаълуми қочоқбар ба сӯйи Афғонистон фирор кардааст, ки аз онҳо низ дар ҷойи ҳодиса бештар аз 12 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2009”, ки аз сӯйи мақомоти интизомии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз мавориди кишту парвариш ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир то кунун ҳудуди 100 кило маводи нашъадор кашфу мусодира шудааст. Амалиёти “Кӯкнор-2009” ба қавли мақомоти расмӣ аз 16-уми май то моҳи ноябр дар саросари Тоҷикистон идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG