Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости ёрӣ аз кишварҳои исломӣ барои Тоҷикистон


Вазирони корҳои хориҷии Созмони конфронси исломӣ аз кишварҳои узви ин созмон даъват карданд, то ба Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои сел ва боришоти шадид ёрӣ бирасонад.

Ин даъват дар шакли қабули як баёнияе дар нишасти вазирон дар шаҳри Димашқ, пойтахти Сурия, ба амал омад. Ин даъват ҷузве аз самти нави фаъолияти Созмони конфронси исломист, самти таҳкими нақши созмон дар мубориза бо оқибатҳои офатҳои табиӣ.

Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони конфронси исломӣ ҳамчунин аз Бонки исломии рушд ва Бунёди исломии ҳамраъйӣ даъват кард, то ба Тоҷикистон ёрии фаврии башардӯстона бирасонанд.

Дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони конфронси исломӣ, ки дар таърихи 24-25-уми май дар Димашқ баргузор шуд, ҳамчунин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ иштирок дошт.

Созмони конфронси исломӣ моҳи сентябри соли 1969 дар як конфронси раҳбарони кишварҳои исломӣ дар шаҳри Работи Мароккаш ташкил шудааст. Тоҷикистон аз соли 1992 узви ин созмон мебошад. Феълан, ин созмон 57 кишварро бо аҳолии 1,2 миллиард нафар дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG