Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои амният Кореяи Шимолиро маҳкум кард


Шӯрои амнияти СММ дар як овоздиҳии пӯшида бо раъйи кулл озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолиро ҳамчун поймолшавии ошкорои қатъномаҳои пешини Шӯрои амният маҳкум кард.

Дар як изҳороти ин шӯро гуфта шуд, ки ин ниҳод билофосила корро барои қабули қатъномаи нави иҷборӣ шурӯъ мекунад, то ки ба ин каҷравиҳои Кореяи Шимолӣ расидагӣ ба амал ояд. Нишасти ин шӯро бо як дархости Ҷопон баъди озмоиши ҳастаии рӯзи душанбеи Кореяи Шимолӣ даъват шуд. Дар се соли охир ин дуюм озмоиши ҳастаии Пхенян аст, ки бо нақзи муқаррароти байналмилалӣ анҷом мешавад.

Николя Крастев, Ню-Йорк

Зимни суханрониаш ба ҳайси раҳбари феълии Шӯрои амният (раҳбари давраӣ барои моҳи май) сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин ҳамраъйии аъзои шӯроро дар ин масъала рӯшан ба намоиш гузошт. Вай гуфт, ки ба 15 аъзои шӯрои баландмақоми СММ як соат камтар лозим буд, ки изҳороти худро дар ин замина қабул кунанд. Нишастҳои гузаштаи марбут ба фаъолиятҳои ҳастаӣ ё мушакии Кореяи Шимолӣ хеле кам чунин вокуниши сареъ ва билофосилаи аъзоро ба намоиш гузоштааст. Чунин ба назар мерасад, ки ҳатто Чин, яке аз аъзои доимии Шӯрои амният ва муттафиқи наздиктарини Кореяи Шимолӣ ба таври рӯшан намоиш медиҳад, ки дигар чунин рафтори ғайри қобили пешбинии ҳамсояро таҳаммул нахоҳад кард. Виталий Чуркин, раҳбари ҳайати Русия гуфт, ки озмоиши ҳастаии Пхенян дар асл назар ба партоби мушаки баллистикӣ дар таърихи 5 апрел бештар мушкилзо будааст, чунки он на танҳо қатъномаҳои Шӯрои амният, балки ҳамчунин ду қарордоди азими коҳиши аслиҳаи ҳастиро ҳам нақз мекунад.

Сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс озмоиши Пхенянро ҳамчун "нақзи дағалонаи қонунҳои байналмилалӣ" маҳкум карда гуфт, ки барои муҷозоти Кореяи Шимолӣ ҷӯёи "қатъномаи шадидлаҳне" хоҳад шуд. Сюзан Райс гуфт, ба эҳтимоли қавӣ худи имрӯз Шӯрои амният нишасти худро дар ин замина доир карда, тарҳи қатъномаи шадидлаҳн ва иҷбориро нисбати Кореяи Шимолӣ баррасӣ хоҳад кард. Дар айни замон хонум Райс нагуфт, ки оё ИМА хостори ҷоришавии таҳримҳои иловагии иқтисодӣ ё дигар таҳримҳо дар нисбати Пхенян хоҳад шуд ё на.

Вале изҳороти сафири Фаронса Жан-Пер Лакруа аз ин назар мушаххастар буд. Вай гуфт, мавқеи миллии Фаронса ин аст, ки қатъномаи мазкур бояд таҳримҳои навро ба иловаи таҳримҳои аллакай аз ҷониби Шӯрои амният қабулшуда гунҷоиш диҳад, чунки рафтори онҳо бояд қимат дошта бошад ва ин қимат бояд пардохт шавад.

Сафири Ҷопон, кишвари ташаббускори ин нишасти изтирорӣ ва ҳамсояи дигари Кореяи Шимолӣ гуфт, озмоиши ҳастаии Пхенян на фақат ба сулҳу амнияти ҳамсояҳои минтақаӣ таҳдид мекунад, балки инчунин обрӯ ва маъмурияти Шӯрои амниятро ба ҳам мезанад.

Сафири Чин нахост баъди нишаст бо хабарнигорон сӯҳбат кунад, вале ҳукумати ин кишвар изҳоротеро пахш кард, ки дар он гуфта мешавад, Чин "қатъиян мухолифи" озмоиши Кореяи Шимолӣ мебошад.

Озмоиши зеризаминии ҳастаии Кореяи Шимолӣ рӯзи 25-уми май анҷом ва бо мухолифат ва маҳкумиятҳои шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд. Дар таҳаввулоти ахир аз қавли Кохи Сафед гуфта мешавад, ки Барак Обама, раисҷумҳури Амрико дар як сӯҳбати телефонӣ бо нахуствазири Ҷопон Таро Асо ва президенти Кореяи Ҷанубӣ Лӣ Муянг-бак ба вокунишҳои ҳамоҳангшуда дар нисбати озмоиши Кореяи Шимолӣ даъват кардааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Пхенян бо нашри изҳороте гуфтанд, ки маъмурияти ИМА таҳти раҳбарии Барак Обама нисбати Кореяи Шимолӣ ҳамоно бархӯрди хусуматомез дорад ва ин кишвар омода аст дар сурати сар задани ҳама гуна ҳамла посухи муносиб диҳад.
XS
SM
MD
LG