Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Натоиҷи қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон-2009


Дар Федеросиюни футболи Тоҷикистон қуръакашии Ҷоми ҷумҳурӣ-2009 баргузор шуд.

Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федеросиюни футболи кишвар, ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар мусобиқаи имсола 9 дастаи лигаи олӣ ва як дастаи лигаи аввал – «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат – барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон мубориза хоҳанд бурд. Вале дастаи «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен ба иллати камбуди маблағ аз ширкат дар Ҷоми кишвар даст кашид. Чаҳор даста – «Вахш», «Равшан», «Истиқлол» ва «Гвардия» сабқатро аз даври ҳаштякниҳоӣ ва шаш дастаи дигар аз чаҳорякфинал шурӯъ мекунанд».

Дар чаҳор бозие, ки 6-уми июн баргузор мешаванд, «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Энергетик» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат) ва ССКА «Помир» (Душанбе) – бозиҳои чаҳорякниҳоӣ, «Равшан» (Кӯлоб) ва «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Гвардия» (Душанбе) ва «Истиқлол» (Душанбе) - бозиҳои ҳаштякниҳоӣ, рақобат хоҳанд кард. Бозии аввали чаҳорякниҳоӣ байни дастаҳои «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) ва «Регар» ТадАЗ (Турсунзода) 7-уми июн сурат мегирад.

Дар бозиҳои ҷавобӣ 10-уми июн «Вахш» - «Равшан», «Истиқлол» - «Гвардия», 13-уми июн «Энергетик» - «Хуҷанд», ССКА «Помир» - «Хайр» ва «Регар» ТадАЗ - «Парвоз» қувваозмоӣ хоҳанд кард.

15-уми июн ғолиби ҷуфти «Вахш» - «Равшан» бо ғолиби ҷуфти «Истиқлол» - «Гвардия» дар даври чаҳорякниҳоӣ рӯбарӯ мешаванд. Бозиҳои ҷавобӣ 19-уми июн барпо хоҳанд шуд.

Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2009 дар бозии ниҳоӣ рӯзи 5-уми октябр муайян хоҳад шуд.

Масъули Федеросиюни футболи Тоҷикистон Шавкат Аҳмадов, инчунин, иттилоъ дод, ки рӯзи 23-юми июн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаҳои мунтахаби олимпии кишвар ва мунтахаби бошгоҳҳои футболи ҷумҳурӣ бозӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG