Пайвандҳои дастрасӣ

Хушунатҳои нав дар Дорфур


Артиши Судон гуфт, ки дар паи задухӯрдҳои сарбозон ва ҷангиён дар атрофи пойгоҳи низомии минтақаи ҷангзадаи Дорфур 20 низомии судонӣ ва 43 шӯришӣ кушта шуданд. Гурӯҳи шӯришиёни дорфурӣ бо исми Ҷумбиши адолат ва баробарӣ пойгоҳи низомиёнро дар Умм Баруи шимоли Дорфур, дар наздикии марз бо Чад рӯзи якшанбе шабехун зада, аммо баъд бо оташи ҷавобии нирӯҳои давлатӣ рӯбарӯ шуданд. Ин дуюмин пойгоҳи низомии артиши Судон аст, ки дар ин охирҳо мавриди ҳамла қарор мегирад. Ҳафтаи гузашта як қароргоҳи артиш дар Корной ҳам мавриди ҳамлаи шӯришиён қарор гирифт. Ҳайати посдорони сулҳи СММ ва Иттиҳоди Африқо хушунатҳои ахирро маҳкум карданд. Тибқи иттилои СММ, дар паи шаш соли даргириҳои қавмӣ дар Дорфур 30 ҳазор нафар ба ҳалокат расида ҳудудан 2 миллион мардум беҷо шудаанд.
XS
SM
MD
LG