Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян рафтори Кохи Сафедро "душманона" хонд


Кореяи Шимолӣ бо нашри изҳороте мегӯяд, ки маъмурияти Амрико таҳти сарварии Барак Обама дар нисбати Пхенян ҳамоно бархӯрди хусуматомез дорад ва аз ҳамин хотир Кореяи Шимолӣ барои посух додан ба ҳама гуна ҳамла аз ҷониби ИМА омода аст. Изҳороти мазкур як рӯз баъди он нашр шуд, ки Пхенян як озмоиши ҳастаии зеризаминиро анҷом дод. Дар паи ин, Барак Обама, президенти Амрико гуфт, ки барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ба амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад. Ин озмоиши Корея бо маҳкумиятҳои шадиди Шӯрои амнияти СММ низ рӯбарӯ шуд.
Дар таҳаввулоти дигар Кореяи Ҷанубӣ имрӯз эълон кард, ки ба як ташаббуси амнияти таслеҳотии таҳти раҳбарии Амрико ҳамроҳ мешавад, ки ҳадафаш ҷилавгирӣ аз тавсеаи силоҳҳои қатли ом мебошад. Дар гузашта Кореяи Шимолӣ ҳушдор додааст, ки ширкати пурраи Кореяи Ҷанубиро дар ин барнома ҳамчун эълони ҷанг арзёбӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG