Пайвандҳои дастрасӣ

Номзадҳо ба ҷои Ал-Бародаӣ аз худ дифоъ мекунанд


Имрӯз дар Венаи Австрия, дафтари аслии Шӯрои раҳбарони Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ, ниҳоди вобаста ба СММ, панҷ номзад ба раҳбарии ояндаи ин созмон бояд аз худ дифоъ кунанд. Ҳамаи номзадҳо мард буда панҷ кишварро намояндагӣ мекунанд: аз ҷумла Юкия Амано аз Ҷопон, Луи Эчаваррӣ аз Испания, Абдусамад Минтӣ аз Африқои Ҷанубӣ, Эрнест Петрик аз Словения ва Жан-Пол Понселе аз Белгия. Мӯҳлати раҳбарии Муҳаммад Ал-Бародаӣ, раҳбари феълии ин созмон, ки зодаи Миср аст, ноябри имсол ба анҷом мерасад. Ин созмон соли 1957 ташкил шуда Ал-Бародаӣ раҳбари чоруми ин ниҳод будааст. Вай аз соли 1997 ба ин сӯ се мӯҳлати раҳбарии ин оҷонсро паси сар кард. Ҳадафи аслии кори Оҷонси байналмилалии нирӯи ҳастаӣ иборат аз он аст, ки фаъолиятҳои атомии кишварҳоро назорат карда бояд барои тақвияти амнияти ҳастаии давлатҳо мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG