Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истеъфои вазири тиҷорати Ироқ бо иттиҳоми фасод


Нурӣ-ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ истеъфои вазири тиҷорати ин кишварро, ки дар фасод муттаҳам шудааст, пазируфт. Ҳукумат гуфт, ки Абдулфалоҳ Ас-Судонӣ рӯзи 14 май хати истеъфои худро ба нахуствазир таслим кард ва ҳамакнун нахуствазир онро имзо кардааст. Судонӣ баъди он дархости истеъфо аз мақомашро таслим кард, ки як комиссиюни зиддифасоди назди парлумони Ироқ ду бародари вазири тиҷоратро дар ғорати милёнҳо доллар маблағ ба ҳайси пораву ришват муттаҳам кард. Яке аз бародарони вазир Сабоҳ Ас-Судонӣ моҳи ҷорӣ боздошт шуд. Нурӣ-ал-Моликӣ, ки соли оянда дар интихобот иштирок мекунад, дар баробари фишори афзояндаи иттиҳомоти марбут ба фасод қарор дорад.
XS
SM
MD
LG