Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Аврупову Амрико аз Гурҷистон


Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА ба хатми бӯҳрони сиёсии Гурҷистон даъват карданд. Дар як изҳороти муштараки ҷонибҳо гуфта мешавад, ки Вашингтон ва ин ниҳоди аврупоӣ аз ҳукумат ва мухолифин даъват доранд, ки "билофосила ва бидуни ҳеҷ пешшарт" сари мизи гуфтушунид нишаста барномаи нави ислоҳотро баррасӣ кунанд. Раҳбарони мухолифин таҳдид карданд, ки паради низомии артишро, ки ба ифтихори Рӯзи истиқлолияти Гурҷистон соле як бор ташкил мешавад ва қарор аст имрӯз баргузор гардад, ба тазоҳуроти зидди президент Михаил Саакашвилӣ табдил хоҳанд дод. Раҳпаймоиҳое бо талаби истеъфои Саакашвилӣ, ки як моҳ инҷониб идома дорад, натиҷа надод.
XS
SM
MD
LG