Пайвандҳои дастрасӣ

Караҷич ба масунияти худ пофишорӣ дорад


Раҳбари пешини сербҳои Босния Радован Караҷич дирӯз дар додгоҳи Гаага баҳс кард, ки вай тибқи як ваъдаи мақоми баландпояи СММ дар соли 1996 бояд аз масуният бархурдор шуда аз толори додгоҳ раҳо шавад. Караҷич соли 2008, баъди 11 соли фирор боздошт ва ба трибунали низомии Гаага, ки ҷиноёти ҷангиро дар Югославияи собиқ муҳокима мекунад, супурда шуд. Ҳоло вай мегӯяд, ки Ричард Ҳолбрук, музокиракунандаи пешини СММ ба вай масунияти додгоҳиро ваъда дода буд. Караҷич дар ду мавриди наслкушӣ айбдор мешавад: яке марбут ба рӯйдодҳои Сараево ва дигар марбут ба куштори 8000 мусалмони Сребренитса дар соли 1995 мебошад. Ҳолбрук чандин бор вуҷуди чунин як тавофуқро миёни ӯву Караҷич рад кардааст. Трибунали низомӣ мегӯяд, ки ҳатто дар сурати мавҷудияти чунин як ваъдаи бахшиши гуноҳҳо он нодида гирифта мешавад ва раҳбари пешини сербҳо бояд дар баробари додгоҳ ҷавоб диҳад.
XS
SM
MD
LG