Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои амният Кореяи Шимолиро маҳкум кард


Шӯрои амнияти СММ дар як овоздиҳии пӯшида бо раъйи оро озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолиро ҳамчун поймолшавии ошкорои қатъномаҳои пешини Шӯрои амният маҳкум кард. Дар як изҳороти ин шӯро гуфта шуд, ки ин ниҳод билофосила корро барои қабули қатъномаи нави иҷборӣ шурӯъ мекунад, то ки ба ин каҷравиҳои Кореяи Шимолӣ расидагӣ ба амал ояд. Нишасти ин шӯро бо як дархости Ҷопон баъди озмоиши ҳастаии рӯзи душанбеи Кореяи Шимолӣ даъват шуд. Дар се соли охир ин дуюм озмоиши ҳастаии Пхенян аст, ки бо нақзи муқаррароти байналмилалӣ анҷом мешавад. Сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс озмоиши Пхенянро ҳамчун "нақзи дағалонаи қонунҳои байналмилалӣ" маҳкум карда гуфт, ки барои муҷозоти Кореяи Шимолӣ ҷӯёи "қатъномаи шадидлаҳне" хоҳад шуд. Райс афзуд:

"Он чи ки мо имрӯз дар Шӯрои амният шунидем, ин маҳкумияти сареъ, ошкор ва мушаххас ва ҳамчунин мухолифат ба озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ буд. Нишаст зиёд тӯл накашид, ҳама сӯҳбат карданд ва ҳама як мавқеъро баён карданд. Ҳоло мо тасмим гирифтем барои қабули қатъномаи нав кор кунем. Ба эътимоди мо, он бояд як қатъномаи маҳкам ва дорои мӯҳтавои мушаххас ва қавӣ бошад".

Сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин озмоиши ҳастаиро ҳамчун "хеле ҷиддӣ" арзёбӣ кард ва гуфт, ки он вокуниши қавии СММ-ро тақозо мекунад. Шӯрои амнияти СММ талаб дорад, ки Кореяи Шимолӣ талаботи ду қатъномаи гузаштаро иҷро карда дубора сари мизи гуфтугӯ бо шаш кишвари музокиракунанда бар сари барномаи ҳастаии Пхенян баргардад. Ин музокирот ҳадаф дорад, ки барномаи ҳастаии кишвари коммунистии Кореяро комилан аз байн барад.
XS
SM
MD
LG