Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди бекорон дар Русия афзудааст


Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия ҳушдор дод, ки рушди иқтисодӣ дар кишвараш, назар ба ончӣ ки тасаввур мешуд, бадтар хоҳад буд ва ҳамчунин хост барои коҳиши хароҷоти давлатӣ чораҳои қатъӣ андешида шавад. Ҳангоми шарҳи буҷаи имсола, Дмитрий Медведев гуфт, дефитсити буҷаи Русия имсол 7 дар сади тавлидоти нохолиси миллиро ташкил хоҳад дод ва мушкилоти молӣ сарфакории ҷиддӣ ва назорати сахт аз рӯи хароҷоти давлатӣ дар тамоми сатҳҳоро тақозо хоҳад кард. Айни замон Александр Жуков – муовини нахуствазири Русия гуфт, ки теъдоди бекорон дар кишвар ба тақрибан 8 миллион нафар расидааст, ки болотарин мизон дар чанд соли ахир аст.
XS
SM
MD
LG