Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама Кореяи Шимолиро маҳкум кард


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико озмоишҳои атомӣ ва мушакии Кореяи Шимолиро башиддат маҳкум кард. Вай имрӯз гуфт: “Барномаҳои атомӣ ва мушакҳои раҳбурдии Кореяи Шимолӣ барои амният ва суботи ҷаҳон хатари азиме эҷод мекунанд ва ман ин иқдоми бемулоҳизаи онҳоро башиддат маҳкум мекунам.“ Зимни суханронӣ дар Кохи Сафед Барак Обама гуфт, иқдомоти Кореяи Шимолӣ нақзи намоишкоронаи қонунҳои байналмилалист ва акнун ҷомеаи байналмилалӣ бояд дар вокуниш ба рафтори Кореяи Шимолӣ иқдом кунад. Қарор аст, имрӯз Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар як нишасти изтирорӣ таҳаввулот дар Кореяи Шимолиро баррасӣ кунад. Таро Асо – нахуствазири Ҷопон гуфт, дар ин нишаст хоҳад хост, то Шӯрои Амният бо қабули қатъномае озмоишҳои атомии Кореяи Шимолиро маҳкум кунад. Русия рафтори Пхенянро “мояи нигаронии ниҳоят ҷиддӣ” хонд. Ҷумҳурии Мардумии Чин гуфт, ки мухолифи қотеъи ин озмоиш аст. Хосе Мануэл Барросо - раиси Кумиссиёни Аврупо, озмоишро як “иғво” номид ва Пан Ги Мун – дабири кулли Созмони Милал гуфт, аз ин таҳаввулот амиқан нигарон шудааст. Куриёи Шимолӣ гуфт, озмоиши атомии зеризаминиро барои тақвияти қудрати дифоъии худ анҷом додааст. Вазорати дифоъи Русия гуфт, қудрати таркиш аз 10 то 20 килотон будааст. Айни замон хабаргузории Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, Кореяи Шимолӣ ду мушаки кӯтоҳпарвози дигарро озмоиш кардааст. Хабаргузорӣ ҷузъиёти хабар ва манбаъи онро зикр накардааст.
XS
SM
MD
LG