Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон қонуни муҳимеро ислоҳ мекунад


Шӯрои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон имрӯз тарҳи ислоҳ ва тағйири Қонун доир ба Бонки Миллии Тоҷикистонро баррасӣ кардааст, ки ислоҳи он як шарти Сандуқи Байналмилалии Пул дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон аст. Интизор меравад, ки чанд банди муҳими ин қонун иваз шавад. Як ислоҳи пешниҳодӣ ин аст, ки бояд раиси ва муовинони Бонки Миллии Тоҷикистон ба мӯҳлати мушаххас таъйин карда шаванд ва дар сурати барканорӣ сабабҳои он возеҳ гуфта шавад. Бар асоси қонуни феълӣ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъди интихоб шудан ба ин мақом, метавонад, раису муовинони Бонки Миллиро иваз кунад. Дигар аз тағйироти пешниҳодӣ ба қонунгузориҳои Тоҷикистон ин аст, ки бояд раҳбарон ва кормандони Бонки Миллӣ саҳмияҳои эҳтимолии худ дар созмонҳои молиро ошкор кунанд ва тасмимгирӣ дар мавриди ин созмонҳо ширкат наварзанд. Чанде пеш Бонки Миллии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияти худро нашр кард, ки дар он омадааст, раҳбарияти бонк тақрибан як миллиард доллари ин муассисаро нодуруст ва ё ба манфиати хеш истифода бурдаанд.
XS
SM
MD
LG