Пайвандҳои дастрасӣ

Муқовимати Толибон ба артиши Покистон


Артиши Покистон мегӯяд, дар амалиёташ барои аз Водии Свот берун кардани ҷангҷӯёни Толиб ба муқовимати сахти онҳо рӯ ба рӯ шудааст. Азҳар Аббос – як сухангӯи артиши Покистон гуфт, даҳ рӯзи дигар лозим аст, то низомиёни кишвараш, шаҳри Мингора маркази Водии Свотро таҳти контроли худ дароранд. Ҳафтаи панҷум аст, ки артиши Покистон ба зидди Толибон дар Водии Свот ва се ноҳияи атрофи он меҷангад. Ба гуфтаи Созмони Милал, аз рӯзи дуввуми май то кунун бар асари ин ҷангҳо тақрибан 2 миллиону 400 ҳазор нафар овора шудаанд. Артиши Покистон имрӯз гуфт, Малам Ҷабба - як такягоҳи аслии Толибон дар Водии Свот ба даст оварда ва дар чанд маҳалҳои муҳими шаҳри Мингора пешравӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG