Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз гуруснанишинии 400 маҳбус ҷилавгирӣ шуд


Субҳи рӯзи 25-уми май беш аз дусад зиндонии маҳбаси №31, воқеъ дар 25-30 километрии шаҳри Бишкек, даст ба тазоҳурот ва гуруснанишинӣ заданд. Тибқи хабарҳои расида, ҳатто се нафари зиндониён лабони худро дӯхтаанд, то ба мақомоти раёсати назорати иҷрои ҷазо намоиш диҳанд, ки аз аъмоли дастандаркорони маҳбаси №31 розӣ нестанд. Ба иттилоъи додситонии махсуси назорати устувории қонун дар маҳалҳои иҷрои мӯҳлати ҷазо, гуруснанишинон аз мақомоти раёсати назорати иҷрои ҷазо, ки марбути вазорати адлияи ҷумҳурӣ аст, тақозо кардаанд, ки се ҳамтои онҳоро аз изолятори ҷаримавӣ озод кунанд.

Аммо Сергей Сидоров, сухангӯи раёсати назорати иҷрои ҷазои вазорати адлияи ин кишвар, таи як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ иброз дошт, ки тақозои маҳбусоне, ки даст ба гуруснанишинӣ задаанд, ягон появу асос надорад. Сергей Сидоров гуфт, се маҳбус ба тартиби муқарраршуда риоя накардаанд, ҳамчунин, аз амри кормандони зиндон сарпечӣ намудаанд, ки боиси ба изолятори ҷаримавӣ афкандани онҳо шудааст. Ба гуфтаи сухангӯи раёсати назорати иҷрои ҷазо, риоя накардани тартиби муқарраршуда оқибатҳои хеле ногуворро дар пай хоҳад дошт. Сергей Сидоров гуфт, ба вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи зиндон ҳаргиз набояд аз паси панҷа нигоҳ кард.

Ба гуфтаи Сергей Сидоров, дар ҳамин ҳол, вазъият дар маҳбаси рақами 31 комилан таҳти назорат қарор дорад ва баъди гуфтугӯ бо маҳбусоне, ки ба қасди гуруснанишинӣ ҳатто лабони худро дӯхта буданд, тартибот ҷорӣ гаштааст.

Ин ҳодисаи нахустини даст ба тазоҳурот ва гуруснанишинӣ задани зиндониёни маҳбаси рақами 31 нест. Бори аввал моҳи октябри соли 2005 дар ин маҳбас тазоҳуроти густурдае рух дод. Як гурӯҳ депутатҳои парлумонтаҳти раҳбарии Тиничбек Ахмадбоев ба хотири пасанда кардани оташи қаҳру ғазаби маҳбусон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Якбора садои тирпарронӣ шурӯъ шуд ва чаҳор нафар, аз ҷумла, депутат Тиничбек Аҳмадбоев ва сардори раёсати назорати иҷрои ҷазои вазорати адлия дар бар асари ин тарпарронӣ кушта шуданд. Дар соли равон бори дуввум аст, ки маҳбусони зиндони рақами 31 даст ба гуруснанишинӣ заданд ва ин бор низ аксуламали онҳо бидуни ҳодисаи ғайричашмдошт хотима ёфт.

Ба гуфтаи иддае аз коршиносони маҳаллӣ, дар маҳбасҳои Қирғизистон шароити хеле ногувор ҳукмфармост. Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ба ин далел мақомоти вазорати адлияи кишварашон ҳамеша нигаронанд, ки ҳодисаҳои даст ба тазоҳуроту гуруснанишиниҳои густурда задани маҳбусон ҳаргиз аз эҳтимол холӣ нест. Ба таъкиди ин коршиносон, вале ин мақомот дар мавриди беҳбуди вазъи зиндонҳо ягон иқдомоти ҷиддиро мадди назар нагирифтаанд.
XS
SM
MD
LG