Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имзои созишнома миёни Эрону Покистон


Эрону Покистон созишнома дар мавриди лӯлаи газеро имзо карданд, ки дар сурати бунёд гази Эронро аз тариқи қаламрави Покистон ба Ҳинд мерасонад. Ба иттилоъи хабаргузории расмии ИРНА, созишномаи мазкур рӯзи сешанбе дар ҳошияи нишасти раиси ҷумҳурони се кишвар Эрону Покистону Афғонистон Маҳмуди Аҳмадинажод, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Ҳомиди Карзай дар шаҳри Теҳрон имзо шудааст. Ин тарҳ, ки “Лӯлаи Сулҳ” ном гирифтааст, 2700 километр тӯл хоҳад дошт ва аз шаҳри Асалуяи Эрон шурӯъ шуда то ба Ҳинд хоҳад расид. Ба навиштаи ИРНА, бар асоси тарҳ сохтмони лӯла дар панҷ сол бояд такмил шавад ва рӯзона 150 миллион метри мукааби гази табииро ба Ҳинд интиқол диҳад.
XS
SM
MD
LG