Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифоъи Исроил ба Амрико меравад


Эҳуд Барак – вазири дифоъи Исроил, ҳафтаи оянда ба Вашингтон меравад, то бо ҳамтои амрикоиаш Роберт Гейтс доир ба барномаҳои атомии Эрон гуфтӯгу кунад. Ба иттилоъи хабаргузории “Франс Пресс”, Эҳуд Барак ҳамчунин қасд дорад, бо Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷа, Ҷеймс Ҷонс - мушовири амнияти миллӣ ва Ҷорҷ Митчелл- фиристодаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна дидору мулоқот кунад. Як ҳафта пеш аз ин Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил бо раиси ҷумҳур Барак Обама мулоқот дошт, ки аз он мулоқот, ихтилофоти назари Амрикову Исроил дар мавриди таъсиси Фаластини мустақил ҳувайдо шуд.
XS
SM
MD
LG