Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари "Казатомпром"-ро боздошт карданд


Маъмурони амниятии Қазоқистон, Мухтор Ҷакишев - раҳбари Казатомпром - ширкати давлатии тавлиди ураниум дар ин кишварро боздошт кардаанд. Кумитаи амниятии миллии Қазоқистон гуфт, Мухтор Ҷакишев, ки солҳои тӯлонӣ раҳбари "Казатомпром" буд, ба иттиҳоми дуздӣ дастгир шудааст ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Мухтор Ҷакишевро – як ҳафта пеш аз мақомаш сабукдӯш намуданд, вале сабабҳои ин амр номаълум буд. Қазоқистон аз назари захираҳои ураниум дар ҷаҳон мавқеъи панҷумро ишғол мекунад.
XS
SM
MD
LG