Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ озмоиши атомӣ анҷом дод


Кореяи Шимолӣ мегӯяд, дар ростои тақвияти қудрати дифоъии худ як озмоиши зеризамини ҳастаиро бомуваффақият анҷом додааст. Ба иттилоъи хабаргузории давлатии Кореяи Шимолӣ, дар ин озмоиши атомӣ назар ба озмоиши нахустини он дар моҳи октябри соли 2006 аз маводи атомии бештар истифода кардаанд. Вазорати дифоъи Русия гуфт, қудрати таркиш аз 10 то 20 килотон будааст. Лӣ Мюнг Пак – раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ, баъди озмоиши ҳамсоякишвараш, ба нишасти фаврии амниятӣ даъват кард. Хабаргузориҳои Русия аз қавли Виталий Чуркин – сафири ин кишвар дар Созмони Милал навиштаанд, ки Шӯрои Амният имрӯз барои баррасии ин таҳавуллот нишаст баргузор хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG