Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси масоили барқи Осиёи Марказӣ дар Димишқ


"Барқи Тоҷик", масъули иҷрои CASA 1000 аз ҷониби Тоҷикистон
"Барқи Тоҷик", масъули иҷрои CASA 1000 аз ҷониби Тоҷикистон

Рӯзи 24 май дар ҳошияи шӯрои вазирони умури хориҷии созмони Конфаронси кишварҳои исломӣ дар Димишқ мулоқоти алоҳидаи раҳбарони ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон доир шуд.

Дар ин ҳамоиши ғайрирасмӣ намояндагони Имороти Муттаҳидаи Араб ва Бонки исломии рушд низ ширкат кардаанд.
Як мавзӯъи аслии ин мулоқот баҳси роҳҳои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла тарҳи бунёди хатти баландшиддати ҳамлунақл ва фурӯши нирӯи барқ байни Осиёи марказӣ ва Осиёи ҷанубист. Мувофиқат барои эҳдоси хатти мавсум ба CASA 1000 рӯзи 9 май дар Вошингтон эълон шуда буд.

Аҳли нишасти Димишқ бо изҳори сипос аз пуштибонии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки исломии рушд, ба аҳамияти иҷро шудани созишномаи басташуда миёни давлатҳои Афғонистону Покистон ва Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати таҳияи тарҳи бунёди ин хатти қавии интиқоли нирӯи барқ ва рушди минбаъдаи бозори минтақавии фурӯши нирӯи барқ таъкид карданд. Ба эътиқоди дипломатҳои баландпояи ин 4 кишвар, ба ҳам овардани шабакоти энержии Осиёҳои марказиву ҷанубӣ барои мардумони ин минтақа фоидаҳои изофии иқтисодиву иҷтимоӣ оварда, ба ҳамоиши бештари иқтисоди ин кишварҳо бо иқтисоди ҷаҳонӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Ҷонибҳо ҳамчунин аз дигар ниҳодҳои байналмилалии молӣ ва кишварҳои алоқаманд даъват карданд, ба тарҳи CASA 1000 ҳамроҳ шаванд.

Тарҳи CASA 1000 тармиму тақвияти хутути мавҷуда ва бунёди хутути нави интиқоли нирӯи барқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ва аз ин ҷо тавассути Афғонистон то ба Покистон ташнаи энержиро дар назар дорад. Сарпараст ва пуштибонии аслии тарҳи мазкур Амрикост, ки мехоҳад шабакаҳои энержии ин ду минтақаро ба ҳам биорад ва бо ин роҳ ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Осиёҳои марказиву ҷанубиро ташвиқ кунад.
XS
SM
MD
LG