Пайвандҳои дастрасӣ

Мингора ба дасти артиш гузашт


Низомиёни Покистон хабар доданд, ки назоратро бар шаҳри бузургтарини водии шимолу ғарби Свот - Мингора, ки дар зери дасти Толибон буд, ба даст оварданд. Назар ба иттилои низомиён дар паи ҷангҳои рӯзи якшанбе дар Мингона панҷ ҷангӣ кушта шуда 14 гумонбар боздошт шуданд. Артиш мегӯяд, ки ҳамчунин дар ҷараёни ҷангҳо низомиён тасодуфан 12 бомбаи сарироҳиро дар Мингона ошкор карданд. Дар таҳаввулоти дигар гуфта мешавад, ки як ҳавопаймои ҳарбии Покистон рӯзи якшанбе ба ҷангиёни эҳтимолӣ дар минтақаи паштунишини Оракзай ҳамла карда ҳашт нафарро кушта бар ҷой гузошт. Артиши Покистон баъди он амалиёти худро дар водии Свот зидди шӯришиён ба роҳ монд, ки онҳо берун аз марзҳои водии Свот дра масофаи 100-километрии Исломобод мустақар шуданд. Дар айни замон, тибқи ҳисобҳои СММ 1,7 миллион нафар маҳалҳои зисти худро тарк карда дар қароргоҳҳои муваққат ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG