Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳодисаи дуюми гирифторӣ ба вируси H1N1 дар Русия


Мақомоти беҳдоштии Русия дар бораи ошкоршавии ҳодисаи дуюми олудагӣ ба зукоми хук хабар доданд. Хабаргузориҳои русӣ дар нақли қавл аз масъули аршади хадамоти эпидемиологии ин кишвар хабар доданд, ки марде, ки ҳафтаи гузашта аз сафари Ҷумҳурии Доминикан ба манзилаш дар вилояти Калуга баргаштааст, баъди чанде бемор шуд. Ҳамсари вай, ки ҳамроҳаш дар ин моҳи асал будааст, сироят нашудааст. Нахустин ҳодисаи гирифтории шаҳрванди Русия ба вируси H1N1 рӯзи ҷумъа хабар дода шуд. Ин мард аз ИМА ба Маскав баргашта буд.
XS
SM
MD
LG