Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Занги камолот” мухтасар ва расмӣ мегузарад


Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфтааст, маросими “Занги камолот”, ки ҳамасола дар кишвар 25-уми май таҷлил мешавад, ҳамагӣ як соат – аз соати 8 то 9 – идома хоҳад кард. Ҳамчунин ин вазорат масрафоти беҳуда, бавижа, тақдими ҳадоё ба омӯзгорон, шабнишинӣ, ҳамроҳ доштани телефони мобилӣ дар ин маросимро ҷиддан мамнӯъ эълон доштааст. Шамсулло Исломов, мудири маорифи шаҳри Душанбе ба хабаргузории расмии “Ховар” гуфтааст, ки баъди таҷлил аз “Занги камолот” дар макотиби пойтахт дарсҳо аз рӯйи ҷадвал идома мекунанд. Вай ҳамчунин гуфтааст, имсол мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахтро бештар аз 22 ҳазор хонанда хатм мекунад, ки тақрибан даҳ ҳазори онҳо хатмкунандаҳои синфи 11-ум мебошанд.
XS
SM
MD
LG