Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноумедии Исроил аз равобити Русияву Ҳамос


Исроил гуфт, ки дар робита бо тасмими ҳукумати Русия оид ба таҳкими ҳамкориҳояш бо ҷангиёни гурӯҳи Ҳамос амиқан ноумед шудааст. Изҳороте ба ин манзур аз дафтари нахуствазири Исроил баъди он садо дод, ки вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров бо раҳбари истибдодии Ҳамос Холид Машъал рӯзи шанбе дар Димишқ мулоқот кард. Зимни сӯҳбат дар телевизиони русӣ Лавров гуфт, ки Ҳамос баъди амалиёти низомии Исроил дар Навори Ғазза дар моҳи январи имсол ҳоло аз як роҳи воқеӣ гузар мекунад. Русия, танҳо узви гурӯҳи чаҳоргонаи миёнҷиҳои Ховари Миёна - Ҳамосро бойкот накардааст ва имсол мехоҳад конфронси Ховари Миёнаро мизбонӣ кунад.
XS
SM
MD
LG